Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ман бо тамоми қувватам барои хонаи Худои худ тайёр кардаам: тиллоро барои ашьёи тиллоӣ, ва нуқраро барои ашьёи нуқрагин, ва мисро барои ашьёи мисин, ва оҳанро барои ашьёи оҳанин, ва чӯбро барои ашьёи чӯбин; сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ, сангҳои сурмафом ва рангоранг, ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо, ва бисьёр сангҳои мармар.