1 John 2:19 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.
Tajik NT 1999
Онҳо аз мо берун рафтанд, аммо аз мо набуданд; зеро, агар аз мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин берун рафтанд, то маълум шавад, ки ҳеҷ кадоми онҳо аз мо нестанд.