1 Kings 16:7 — Compare Translations

1 translations compared side by side

Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва низ ба воситаи Еҳу ибни Ҳанонии набӣ каломи Худованд дар бораи Баъшо ва хонадони вай нозил шуд, — ҳам аз боиси тамоми шарорате ки вай дар пеши назари Худованд ба амал оварда, Худовандро ба ғазаб оварда буд, ба дараҷае ки монанди хонадони Ёробъом гардида буд, ва ҳам аз боиси он ки ӯро кушта буд.