1 Peter 1:12 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ба пайғамбарон аён шуд, ки онҳо на барои худ, балки барои шумо пешгӯйӣ мекарданд. Ҳоло бошад, ин хушхабарро Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба воситаи одамон ба шумо эълон намудааст. Ин хушхабар дар бораи Исои Масеҳ чунон аҷоиб аст, ки ҳатто фариштагон онро фаҳмидан мехоҳанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.
Tajik NT 1999
Ба онҳо ошкор шуд, ки на ба худ, балки ба шумо хизмат кардаанд бо он чи акнун аз он хабар ёфтаед ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи фариштаҳо мехоҳанд андарунаш назар андозанд.