1 Peter 1:7 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ин санҷишҳо ҳақиқӣ будани имонатонро исбот мекунанд. Имони шумо ба тиллое монанд аст, ки ҳангоми аз оташ гузаштан тозатар мешавад. Вале имонатон аз тиллое, ки нобуд мешавад, гаронбаҳотар аст. Агар имонатон устувор монад, шумо дар рӯзи ошкор шудани Исои Масеҳ сазовори таърифу эҳтиром мегардед.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.
Tajik NT 1999
Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди дар оташ озмуда шуданаш нобудшаванда мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ситоиш ва иззат ва ҷалол ҳангоми зоҳир шудани Исои Масеҳ пок ба миён меояд.