Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва мардони Исроил мегуфтанд: «Оё ин мардро, ки мебарояд, дидед? Вай мебарояд, ки Исроилро таҳқир намояд. Ва агар ягон кас варо бикушад, подшоҳ ӯро бо сарвати бисьёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод, ва хонадони падари ӯро дар Исроил озод хоҳад кард».