1 Timothy 3:16 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Бегуфтугӯ, ростие, ки Худо дар бораи худотарсӣ ба мо ошкор кардааст, аҷиб аст: Ӯ ҳамчун одам ба дунё омад ва ҳаққонӣ будани Ӯро Рӯҳи Худо исбот кард. Ӯро фариштаҳо диданд, дар борааш ба халқҳо хабар дода шуд. Одамон дар дунё ба Ӯ имон оварданд. Худо Ӯро бо шаъну шараф ба осмонҳо бурд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.
Tajik NT 1999
Ва бечуну чаро бузург аст сирри худотарсӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, Дар Рӯҳ тасдиқ гардид, Ба фариштаҳо намоён шуд, Дар миёни халқҳо мавъиза шуд, Дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, Дар ҷалол боло бурда шуд.