Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва Осо сӯи Худованд Худои худ хонда, гуфт: «Худовандо, ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем. Ту Худованд Худои мо ҳастӣ, намон, ки одамизод аз Ту зӯр барояд».