Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва баъд аз гузаштани як сол, лашкари Арам ба муқобили ӯ баромада, ба Яҳудо ва Ерусалим дохил шуданд, ва ҳамаи сарварони қавмро аз миёни қавм куштанд, ва тамоми ғаниматеро, ки аз онҳо гирифта буданд, ба подшоҳи Димишқ фиристоданд.