Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва мардоне ки номашон зикр ёфт, бархоста, асиронро дастгирӣ карданд, ва ҳамаи бараҳнагони онҳоро аз ғанимат пӯшониданд, — яъне онҳоро сару либос ва пойафзол пӯшониданд, ва хӯрониданд, ва нӯшониданд, ва равған молиданд, ва ҳамаи камқувватонро ба харҳо савор карда, ба Ериҳӯ, ки шаҳри нахлҳост, назди бародаронашон бурданд, ва худашон ба Сомария баргаштанд.