Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро шунид, ва бо аҳли рикоби зиёде ва бо шутуроне ки атриёт ва тиллои бисьёр ва сангҳои гаронбаҳо бар онҳо бор карда шуда буд, ба Ерусалим омад, то ки Сулаймонро бо муаммоҳо имтиҳон кунад; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.