2 Corinthians 1:12 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Мо бо боварӣ ва виҷдони пок гуфта метавонем, ки дар ҳамаи корҳоямон бо нияти пок ва самимияте, ки Худо ба мо додааст, зиндагӣ кардем. Нисбат ба мардуми ҷаҳон ва бахусус нисбат ба шумо мо чунин рафтор намудем ва ин рафторамон на аз рӯйи хиради одамизод, балки аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо буд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.
Tajik NT 1999
Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷаҳон, хусусан нисбат ба шумо дар покӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.