2 Corinthians 12:14 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ҳоло ман тайёрам, ки бори сеюм ба наздатон биёям. Ин дафъа ҳам ба гардани шумо бор намешавам, чунки ба ман чизи шумо даркор нест, балки худи шумо даркоред. Чунки на фарзандон барои падару модарашон, балки падару модар бояд барои фарзандонашон моликият ҷамъ кунанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.
Tajik NT 1999
Инак, бори сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро меҷӯям. Зеро на фарзандон бояд барои падарону модарони худ захира кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.