2 Corinthians 7:11 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Охир бинед, ки ғами Худо дода чӣ қадар чизҳои хуб, аз қабили ҷидду ҷаҳд, хоҳиши худро ҳимоя кардан, тарс аз бадӣ, хоҳиши дидани ман, ғайрат ва ташнаи адолат буданро дар вуҷуди шумо бедор кард. Дар ҳамаи ин шумо нишон додед, ки дар ин кор беайб ҳастед.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хӯрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.
Tajik NT 1999
Зеро бинед, ғаме ки мувофиқи /хости/ Худост, чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрро, чӣ гуна норизоиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна пазмониро, чӣ гуна ғайратро, чӣ гуна сазодиҳиро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.