Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Вале Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, ҳамаи чизҳои вақфшударо, ки падаронаш Еҳӯшофот ва Еҳӯром ва Аҳазьёҳу, подшоҳони Яҳудо, вақф карда буданд, ва чизҳои вақфкардаи худаш, ва тамоми тиллоеро, ки дар хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ба Ҳазоил, подшоҳи Арам, фиристод, ва ӯ аз Ерусалим ақиб гашт.