Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва кист, ки мисли қавми Ту Исроил бошад, ки онҳо бар рӯи замин қавми ягонае ҳастанд, ки аз барояшон Худо омадааст, то ки онҳоро фидия дода гирифта, барои Худ қавм гардонад ва исме барои Худ пайдо кунад, ва корҳои бузурге барои онҳо ва корҳои саҳмгине барои замини Худ ба ҷо оварад, то ки Ту халқҳо ва худоёни онҳоро аз пеши қавми Худ, ки аз Миср барои Худ фидия дода гирифтаӣ, бадар биронӣ.