2 Thessalonians 1:3 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Бародарону хоҳарон, мо бояд ҳамеша барои шумо Худоро шукр гӯем. Ин шукргузорӣ дуруст аст, зеро имонатон беҳад зиёд шуда, муҳаббати ҳар яки шумо нисбат ба ҳамдигар торафт меафзояд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
Tajik NT 1999
Эй бародарон, мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо беандоза афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад.