Acts 12:10 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Онҳо аввал аз назди як дастаи посбонон ва сипас аз дастаи дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине, ки ба сӯйи шаҳр мебурд, наздик шуданд. Дарвоза худ аз худ ба рӯйи онҳо кушода шуд. Онҳо аз он гузашта, то ба охири кӯча расида буданд, ки баногоҳ фаришта нопадид шуд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Аз пеши посбонони аввал ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки ба сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши рӯи онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд.
Tajik NT 1999
Аз пеши посбонони якум ва дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине ки сӯи шаҳр мебурд, расиданд, ва он худ аз худ пеши онҳо кушода шуд; онҳо берун рафта, аз як кӯча гузаштанд, ки ногаҳон фаришта аз пеши ӯ нопадид шуд.