Acts 12:20 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Шоҳ Ҳиродус аз мардуми шаҳрҳои Сур ва Сидун сахт дар ғазаб шуда буд. Бино бар ин, онҳо маслиҳат намуда, ба назди шоҳ як гурӯҳ одамонро фиристоданд. Онҳо аввал хизматгори шахсии подшоҳ Балостусро тарафдори худ карда, сипас аз подшоҳ сулҳ хостанд, чунки онҳо аз кишвари подшоҳ хӯрокворӣ мегирифтанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ҳиродус ба мардуми Сӯр ва Сидӯн бисьёр ҳашмгин буд, ва онҳо, маслиҳатро ба як ҷо монда, назди ӯ омаданд ва Блостусро, ки нозири ҳобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, талаби сулҳ карданд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ асбоби маишат меёфт.
Tajik NT 1999
Ҳиродус бар аҳли Сур ва Сидун хашмгин буд. Ва онҳо якдилона назди ӯ омаданд ва Балостусро, ки нозири хобгоҳи подшоҳ буд, ба тарафи худ кашида, сулҳ хостанд, чунки диёрашон аз кишвари подшоҳ бо хӯрокворӣ таъмин мешуд.