Acts 19:33 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Яҳудиён аз байни тӯда Искандар ном мардеро тела дода, пеши мардум бароварданд, то ки ҳолатро ба одамон фаҳмонда диҳад. Искандар бо дасташ ба онҳо ишораи хомӯшӣ намуда, барои ҳимоя даҳон кушодан хост.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Аз миёни издиҳом Искандарро кашола карданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане бигӯяд.
Tajik NT 1999
Аз миёни тӯда Искандарро кашида бароварданд, чунки яҳудиён ӯро пеш андохта буданд, ва Искандар бо дасташ ишора намуда, хост барои муҳофизати худ ба мардум сухане гӯяд.