Acts 24:14 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Лекин ба шумо росташро мегӯям, ман мувофиқи Роҳи Худованд, ки яҳудиён онро ҳизб меноманд, ба Худои падаронамон хизмат мекунам. Ҳамчунин ба ҳама чизе, ки дар шариати Мусову навиштаҷоти пайғамбарон аст, бовар мекунам.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Лекин инро назди ту иқрор мекунам, ки аз рӯи тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман дар ҳақиқат Худои падаронро ибодат менамоям, дар ҳолате ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар суҳафи анбиё навишта шудааст, эътиқод дорам
Tajik NT 1999
лекин инро назди ту эътироф мекунам, ки аз рӯи Тариқате ки онҳо бидъат меноманд, ман ба Худои падарон чунин ибодат менамоям, ки ба ҳар чи дар Таврот ва дар китобҳои пайғамбарон навишта шудааст, бовар мекунам.