Acts 27:12 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Азбаски Бандарҳои Нек барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёриҳо розӣ шуданд, ки ба баҳр бароянд. Онҳо умед доштанд, ки илоҷе карда, ба бандари дигари ҷазираи Крит, ки Финикс ном дошт, бирасанд ва он ҷо зимистонро гузаронанд. Ин бандар рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ ҷойгир аст.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисьёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо бираванд, то ки, шояд, ба Финиқо расида, айёми зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ воқеъ аст, гузаронанд.
Tajik NT 1999
Азбаски он бандар барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёр касон маслиҳат доданд, ки аз он ҷо раванд, то ки, шояд, ба Финикс расида, зимистонро дар ин бандари Крит, ки рӯ ба тарафи ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ аст, гузаронанд.