Acts 5:21 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Онҳо ба сухани фаришта гӯш карда, саҳаргоҳон ба маъбади Худо омаданд ва ба таълими мардум сар карданд. Вақте ки саркоҳин бо одамонаш расида омад, шӯрои пирон, яъне ҳамаи пирони халқи Исроилро гирд овард. Сипас, фармон дод, ки фиристодагонро аз зиндон биёранд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Чун инро шуниданд, субҳидам ба маъбад омаданд ва ба таълим додан шурӯъ карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯрои пирон ва ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то ки онҳоро биёранд.
Tajik NT 1999
Чун инро шуниданд, бомдодон ба ибодатгоҳ омаданд ва ба таълим додан сар карданд. Дар ин миён саркоҳин ва онҳое ки бо вай буданд, шӯро ва ҳамаи пирони банӣ-Исроилро даъват карданд ва ба зиндон кас фиристоданд, то онҳоро биёранд.