Acts 9:21 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Шунавандагон ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ин ҳамон одам нест, ки дар Уршалим пайравони ин Шахсро нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ барои ҳамин наомадааст, ки онҳоро дастгир намуда, назди коҳинони калон барад?»
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ҳар кӣ суханонашро мешунид, дар ҳайрат афтода, мегуфт: «Магар ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим касонеро, ки ин исмро ба забон меоварданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомада буд, ки онҳоро бандӣ карда, назди саркоҳинон барад?»
Tajik NT 1999
Ҳар кӣ суханонашро мешунид, ҳайрон шуда, мегуфт: «Магар ин ҳамон нест, ки дар Уршалим касонеро, ки ин номро мехонданд, несту нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ ӯ барои он наомадааст, ки онҳоро бандӣ карда, назди сардорони коҳинон барад?»