Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Он гоҳ Дониёл, ки Балтшасар ном дорад, ягон соат моту мабҳут шуд, ва фикру хаёлаш ӯро ба ҳарос андохт. Подшоҳ хитоб намуда, гуфт: «Эй Балтшасар, хоб ва таъбири он бигзор туро ба ҳарос наандозад!» Балтшасар ҷавоб гардонда, гуфт: «Эй оғои ман, ин хоб ба душманонат, ва таъбири он ба бадхоҳонат бошад!