Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва онҳо назди подшоҳ омада, дар бораи фармони манъи подшоҳ сухан ронданд: «Ту, охир, фармонеро имзо намудӣ, ки ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худо ё одам, ҷуз аз ту, эй подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад?» Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин сухан дуруст аст, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».