Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Аммо гӯштро, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, дар ҳамаи шаҳрҳои худ забҳ намуда, бихӯр; шахсони наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд, чунон ки аз гӯшти ғизол ва оҳу мехӯранд.