Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва Мусо гуфт: «Инак, ман аз пеши ту берун омада, сӯи Худованд дуо мегӯям, — ва он магасҳо аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш фардо дур хоҳад шуд, фақат ин ки фиръавн бори дигар фиреб дода, аз равона кардани қавм, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд, рӯй нагардонад».