Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва чун ба ту гӯянд: „Аз чӣ сабаб оҳ мекашӣ?“ — бигӯй: „Ба сабаби овозае ки меояд“, ва он гоҳ ҳар дил обу адо шуда, ҳамаи дастҳо бемаҷол хоҳад гардид, ва ҳар рӯҳ андӯҳгин шуда, ҳамаи зонуҳо ба ларзиш хоҳад омад. Инак он меояд ва воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо».