Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ту, эй писари одам, ба писарони қавми худ бигӯй: „адолати одил ӯро дар рӯзе ки гуноҳкор шавад, раҳо нахоҳад кард, ва шарорати шарир дар рӯзе ки ӯ аз шарорати худ тавба кунад, сабаби ҳалокати ӯ нахоҳад шуд; ва одил дар рӯзе ки гуноҳ кунад, ба туфайли адолати худ зинда нахоҳад монд.