Galatians 1:10 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Ҳоло гӯед, ки оё ман бо гуфти одамон зиндагӣ мекунам ё бо гуфти Худо? Магар ман ба одамон маъқул шудан мехоҳам? Агар ман то ҳол кӯшиш мекардам, ки ба одамон маъқул шавам, хизматгузори Масеҳ намебудам.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
Tajik NT 1999
Оё ман акнун ризоияти одамонро меҷӯям, ё ризоияти Худоро? Оё кӯшиш менамоям ба одамон писанд оям? Агар ман ҳанӯз ба одамон писанд омадан мехостам, бандаи Масеҳ намебудам.