Galatians 2:16 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Лекин фаҳмидем, ки инсон на бо иҷро кардани шариат, балки бо имон ба Исои Масеҳ дар назари Худо сафед мешавад. Бино бар ин, мо низ ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки на бо иҷрои шариати Мусо, балки ба воситаи имон ба Масеҳ сафед шавем, чунки ба воситаи иҷро кардани шариат ҳеҷ кас сафед намешавад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, — мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.
Tajik NT 1999
лекин, чун донистем, ки одамизод на бо корҳои шариат сафед мешавад, балки бо имон ба Исои Масеҳ, мо низ ба Масеҳ Исо имон овардем, то бо имон ба Масеҳ сафед шавем ва на бо корҳои шариат; зеро бо корҳои шариат ҳеҷ ҷисме сафед намешавад.