Galatians 3:17 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Бо ҳамаи ин ман чӣ гуфтаниам? Худо бо Иброҳим аҳду паймон баста буд. Баъд аз чорсаду сӣ соли он шариати Мусо омад, аммо ин шариат аҳди Худоро, ки аллакай баста шуда буд, бекор карда ва ваъдаҳои Худоро аз байн бурда наметавонад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ муқаррар намудааст, шариат, ки баъд аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, ботил намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.
Tajik NT 1999
Ва ман чунин мегӯям: аҳдеро, ки Худо пештар дар бораи Масеҳ бастааст, шариат, ки пас аз чорсаду сӣ соли он пайдо шуд, аз эътибор берун намекунад, ба тавре ки ваъда аз байн равад.