Hebrews 1:3 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Писар дурахши шуҳрату ҷалоли Худоро нишон медиҳад ва аз ҳар ҷиҳат монанди Худо буда, бо амри пурқудраташ тамоми олами мавҷудотро идора мекунад. Баъд аз пок кардани гуноҳҳои одамизод Писар дар боло аз дасти рости Худои Олимақом нишаст.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,
Tajik NT 1999
/Писараш/, ки дурахши ҷалол ва инъикоси моҳияти Ӯ буда, Ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, Моро аз гуноҳҳо пок карда, Аз дасти рости Кибриё дар афроз нишаст.