Hebrews 8:5 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Аммо хаймаи заминие, ки онҳо хизмат мекунанд, фақат монандӣ ба хаймаи ҳақиқии дар осмонбуда дорад ва тақлид ба он мебошад. Пеш аз он ки Мусо хаймаро созад, Худо вайро огоҳ карда гуфт: «Аммо бин, ки ҳамаашро аз рӯйи намунае созӣ, ки ба ту дар болои кӯҳ нишон дода будам».
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ӯ ба сохтани ҳайма шурӯъ менамуд: «Бохабар бош», гуфта шудааст, «ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ».
Tajik NT 1999
Онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ ибодат мекунанд, чунон ки ба Мусо аз ҷониби Худо гуфта шуда буд, ҳангоме ки ӯ мехост хаймаро созад: “Бохабар бош”, гуфта шудааст, “то ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ”.