Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд? Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод? Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст? Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам? Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам, наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам, ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад ва аз ташнагӣ мемирад.