Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва ҳанӯз ӯ ҷавобе нагардонда буд, ки вай гуфт: «Назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон, ки ӯро подшоҳи Бобил бар шаҳрҳои Яҳудо волӣ таъин намудааст, баргард ва бо ӯ дар миёни қавм сокин шав, ё ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — бирав». Ва сардори посбонон ба ӯ хӯрокворӣ ва инъом дода, ӯро ҷавоб дод.