Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки хашми Ман ва ғазаби Ман бар сокинони Ерусалим фурӯ рехтааст, ончунон хашми Ман бар шумо, вақте ки ба Миср оед, фурӯ хоҳад рехт, ва шумо мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳед шуд, ва ин маконро дигар нахоҳед дид.