John 18:28 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба дарбори ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонанд, ба дарбор надаромаданд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.
Tajik NT 1999
Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба қасри ҳоким бурданд. Ва саҳарии барвақт буд; ва онҳо ба қасри ҳоким надаромаданд, то нопок нашаванд ва Песаҳро хӯранд.