John 19:31 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи шанбе буд, ки ба иди бузург рост омад. Бино бар ин, сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар салиб бимонад. Барои ҳамин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананд ва ҷасади онҳоро аз салиб ба пойин фароранд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва поён фуроваранд.
Tajik NT 1999
Азбаски рӯзи тайёрии ид буд, — зеро он шанбе иди бузург буд, — яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро шикананд ва поён фуроваранд, то ки ҷасадҳоро бар салиб дар рӯзи шанбе намонанд.