John 21:15 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро бичарон», – гуфт Исо.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон».
Tajik NT 1999
Пас аз ноништа карданашон Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъун ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Ҳа, Хоҷаам! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро чарон».