Jude 1:4 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Зеро баъзе касон, ки дар бораи ҷазо гирифтанашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шуда буд, дар миёни шумо пинҳонӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзу меҳрубонии Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки аз қадим ба ин маҳкумият таъин шуда буданд, ва ин осиён файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил медиҳанд ва Парвардигори ягона ва Исои Масеҳи Худованди моро инкор мекунанд.
Tajik NT 1999
Зеро баъзе касон пинҳонӣ даромадаанд, ки кайҳо барои ин маҳкумият муқаррар шуда буданд. Ин худонотарсон файзи Худои моро ба бадахлоқӣ табдил медиҳанд ва Фармонравои ягона, Худо ва Худованди мо Исои Масеҳро инкор мекунанд.