Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Ва банӣ‐Дон аз қабилаи худ, аз миёни тамоми ҷамоати худ, панҷ нафарро, ки мардони ҷангии далер буданд, аз Соръо ва Эштоӯл фиристоданд, то ки заминро ҷосусӣ ва тафтиш кунанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Рафта, заминро тафтиш намоед!» Ва онҳо ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расида, дар он ҷо шабро гузарониданд.