Luke 10:21 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Худи ҳамон лаҳза Исо аз шодии Рӯҳулқудс пур шуда гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Дар ҳамон соат Исо аз Рӯҳулқудс ба ваҷд омада, гуфт: «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд».
Tajik NT 1999
Дар ҳамон соат Исо дар Рӯҳ хушҳол шуда, гуфт: «Туро эй Падар, эй Фармонравои осмону замин ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва доноён пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ. Оре, эй Падар! Зеро хушнудии Ту дар ин буд».