Luke 11:17 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонаводае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Вале Ӯ фикру хаёли онҳоро дарьёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонае ки аз ҳам ҷудо шавад, фурӯ меғалтад.
Tajik NT 1999
Лекин Ӯ андешаҳои онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Ҳар подшоҳие ки дар худ ҷудоӣ дорад, рӯ ба харобӣ меоварад, ва ҳар хонаводае ки дар худ ҷудоӣ дорад, фурӯ меғалтад.