Luke 11:31 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста одамони ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост!
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бо мардуми ин насл бархоста, онҳоро маҳкум хоҳад кард, зеро ки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз ақсои замин омад; ва инак, дар ин ҷо аз Сулаймон бузургтар аст.
Tajik NT 1999
Маликаи Ҷануб дар рӯзи доварӣ бар мардони ин насл бархеста, онҳоро маҳкум мекунад, чунки вай барои шунидани ҳикмати Сулаймон аз канорҳои замин омад; ва инак, Шахсе аз Сулаймон бузургтар ин ҷост.