Luke 20:46 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
«Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо бо иззату эҳтиром салом диҳанд. Онҳо дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишиниро дӯст медоранд.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки дӯст медоранд ҷомаҳои дароз пӯшида гарданд, ва меписанданд дар бозорҳо табрик шунаванд, ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷой гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин шаванд;
Tajik NT 1999
«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки ҷомаҳои дароз пӯшида гаштанро меписанданд, ва дар кӯчаву бозор салом шунидан, дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишин буданро дӯст медоранд;