Luke 23:26 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Сарбозон Исоро барои ба қатл расондан мебурданд. Он гоҳ Шимъун ном марде, ки аз деҳаи Қайравон буд, аз деҳа омада истода буд. Сарбозон Шимъунро боздошта, ба китфаш салибро бор карданд, ки аз ақиби Исо бардошта барад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Вақте ки Ӯро бурданд, Шимъӯн ном шахсеро, ки аз Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то ки аз ақиби Исо бардошта барад.
Tajik NT 1999
Ҳангоме ки Ӯро бурданд, Шимъун ном қайравониеро, ки аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то аз паси Ӯ бардошта барад.