Luke 6:35 — Compare Translations
3 translations compared side by side
Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад.
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст.
Tajik NT 1999
Лекин шумо душманони худро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳед, бе он ки чизе умедвор шавед; ва подоши шумо бузург мешавад, ва писарони Ҳаққи Таоло мешавед; зеро Ӯ ба носипосон ва бадон некӯ аст.