Luke 7:39 — Compare Translations

3 translations compared side by side

Tajik (KMO) (Китоби Муқаддас Оммафаҳм) - No Year
Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, аз дилаш чунин фикрро гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»!
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ набӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст».
Tajik NT 1999
Фарисие ки Ӯро даъват карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ пайғамбар мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки ба Ӯ даст мерасонад, зеро вай гуноҳкор аст».